Ошкор гардидани 68 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ дар Суғд

Соли 2022 дар вилояти Суғд 68 ҳолати ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ ошкор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои зерин ба қайд гирифта шудааст: […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Соли 2022 дар вилояти Суғд 68 ҳолати ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълимоти динӣ ошкор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, чунин ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:

  • ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 11;
  • шаҳри Панҷакент – 10;
  • шаҳри Истаравшан – 9;
  • шаҳри Исфара – 8;
  • ноҳияи Мастчоҳ – 4;
  • дигар шаҳру ноҳияҳо аз 1 то 3 ҳолат.

Дар умум, соли 2022 дар вилояти Суғд 266 нафар ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, 54 нафар ноболиғон, 212 нафар аз синни 18 сола боло ва 44 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти  миёнаи  умумӣ мебошанд.

Фурқат Хоҷазода зикр кард, ки дар робита ба ҳолатҳои ошкоргардида шахсони гунаҳкор муайян ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи талаботи қонунгузории кишвар таҳсилоти динӣ дар назди рӯҳониён  манъ аст. Дар кишвар бошад, як донишкадаи исломӣ ба таври расмӣ фаъолият мекунад, ки наздики ҳазор нафар дар он таҳсил менамоянд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад таълимоти динӣ гирад, тибқи муқаррароти қонун, бояд дар ин муассисаи расмии динӣ таҳсил намояд. Дар ҳолати ғайр ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳоло дар Душанбе бунёди бинои нави Донишкадаи исломӣ ҷараён дорад, ки дар кишвар ягона буда, дар он 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён метавонанд таҳсил намоянд.

Ҳамчунин, чанд сол қабл, мақомоти кишвар ба баргардонидании донишҷӯёни тоҷике оғоз карданд, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти динӣ мегирифтанд. Ҳоло ҳарчанд расман таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои динии кишварҳои хориҷӣ манъ нашудааст, аммо сокинони Тоҷикистон аз сафар ба хориҷа барои таҳсили динӣ худдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.