Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Президенти Сурия

18-уми феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад. Зикр мегардад, ки Зубайдулло Зубайдзода зимни мулоқот паёми таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидааст. Тавре […]

18-уми феврали соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башор Асад сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад.

Зикр мегардад, ки Зубайдулло Зубайдзода зимни мулоқот паёми таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба заминҷунбии шадид дар ин кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия расонидааст.

Тавре дар хабар таъкид мегардад, Башор Асад аз номи Ҳукумат ва мардуми Сурия ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ва тақдими кумакҳои башардӯстона дар чунин лаҳзаҳои душвор изҳори сипос ва миннатдории самимӣ намудааст.

“Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи густариш ва аз нав тақвият додани муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд”, – зикр мегардад дар хабари ВКХ.

Гуфтан ба маврид аст, ки 17-уми феврал Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон рӯзҳои наздик бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона, аз ҷумла, маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ мефиристад.

Ҳамчунин, дар ин нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин зикр карда буд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳои Сурия бештар аз 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боқи мондаанд ва мақомоти кишвар талош доранд, онҳоро ба ватан баргардонанд.

Дар соли 2022, мақомоти масъули Тоҷикистон аз паноҳгоҳҳои Сурия 146 нафар, аз ҷумла 122 кӯдак ва 24 занро ба ватан баргардонида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.