Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна мазут кумак кардааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Гуфта мешавад, кумакро Валихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Нурмаҳмад Аҳмадзода, директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ва дигар намояндагони масъул имрӯз, 21-уми феврал, супоридааст.

“Ёрии башардӯстона – ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки кумаки Қазоқистон дар пайи сард омадани зимистони имсола ва барои муътадил нигоҳ доштани кори иншооти муҳимми энергетикии Тоҷикистон расонида шудааст.

Нурмаҳмад Аҳмадзода дар маросими супоридани кумак муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфтааст, ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.

“Расонидани кумакҳои башардӯстона мутақобила буда, дар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек анҷом дода мешавад”, – гуфта мешавад дар хабарномаи сафорат.

Кумаки 5 ҳазор тонна мазут аз ҷониби Қазоқистон дар ҳолест, ки дар авҷи сардиҳо аҳолии пойтахт аз мушкил дар кори низоми гармидиҳии шаҳр шикоят карданд ва мақомот яке аз сабабҳоро камбуди газу мазут дар марказҳои барқу гармидиҳӣ гуфта буданд.

Аз ҷумла, масъулини Маркази барқу гармидии №1, ки асосан бо гази Ӯзбекистон ва мазут фаъолият мекунад, гуфтанд, камбуди газу мазут доранд ва сарвазиру вазири энергетика барои воридоти газу мазут бо Ӯзбекистон ба мувофиқа расидаанд. Ҳамин тариқ, маълум нашуд, ки онҳо барои воридоти чӣ миқдор газу мазут ба мувофиқа расидаанд.

Дар Тоҷикистон мазут асосан барои маркази барқу гармидиҳӣ истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022-юм 1 млн 249, 4 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ва гази моеъ ба кишвар ворид гардид, ки аз ин 319,8 ҳазор тонна бензин, 387,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 59,9 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 0,08 ҳазор тонна мазут, 28,4 ҳазор тонна битум, 15,5 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 1,2 ҳазор тонна дигар намуди маҳсулоти нафтӣ, 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 396,7 ҳазор тонна гази моеъ мебошад.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ нисбат ба соли 2021-ум 153,3 ҳазор тонна ва ё 14 % зиёд шудааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...