Шоҳрух Саидзода акнун генерал-майор аст. Генералҳои Тоҷикистон зиёд шуданд

Имрӯз, 21-уми феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, аз ҷумла генералӣ тақдим намуд. Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии роҳбари давлат нашр кард, дида мешавад, ки Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали […]

Asia-Plus

Имрӯз, 21-уми феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, аз ҷумла генералӣ тақдим намуд.

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии роҳбари давлат нашр кард, дида мешавад, ки Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон, Суҳроб Рауфзода, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фариддун Маҳмадализода, роҳбари маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон ва чанд нафари дигар мукофоти давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарон Шоҳрух Саидзодаро барои гирифтани рутбаи ҳарбии генерал-майор табрик мекунанд.

Хадамоти матбуотии президент менависад, хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, бо фармони президент “як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд”.

Ҳамчунин, бо фармони дигари президент дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси навбатӣ ва навбатии ҳарбӣ ба як гуруҳ хизматчиён низомӣ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ВКД, КДАМ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки ба чанд нафар рутбаи генералӣ дода шуд.

Манбаъ менависад, ки дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.