Болоравии қурби доллар дар Тоҷикистон идома дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раванди бемайлон беқурбшавии асъори миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ дар даҳаи дуюми моҳи ҷорӣ идома ёфт.

Мувофиқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ аз 10 феврал то имрӯз (21 феврал) нисбат ба доллар қариб 3% – аз 10,38 сомонӣ то 10,68 сомонӣ барои 1 доллар арзон шуд.

Аз оғози соли равон пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллари ИМА ба андозаи 4,7% беқурб шуд.

Ҳамчунин сомонӣ нисбат ба ду асъори дигари захиравии ҷаҳон – евро ва юан, ки аз соли 2022 ба сохтори захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон шомил шудаанд, низ беқурб шуд.

Айни замон доллари ИМА, евро, йенаи Ҷопон ва фунт стерлинг асъори захиравии ҷаҳон эътироф шудаанд. Баъзан ба ин рӯйхат юани Чин, франки Швейтсария, доллари Канада ва доллари Австарлия дохил мешаванд. То соли 1999 ба ҷойи евро маркаи Олмон ва франки Фаронса асъори захиравӣ дониста мешуданд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро аз 1 январи соли ҷорӣ ба андозаи 4,5% (аз 10,92 сомонӣ то 11,41 сомонӣ барои 1 евро) ва юан – 4,7% (аз 1,49 сомонӣ то 1,56 сомонӣ барои 1 юан) поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, рубли Русия пас аз беқурбшавии начандон зиёд нисбат ба пули миллии Тоҷикистон дар давоми даҳаи аввали моҳи феврал ба мавқеъҳои моҳи январ баргашт.

Дар рӯзи 1 январ 1000 рубл ба 144,2 сомонӣ, 10 феврал – 142 сомонӣ ва имрӯз – ба 144,8 сомонӣ иваз мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи ин асъорҳо таври ғайримаъмулӣ мустаҳкам шуд.

Ба ин тариқ, қурби расмии сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 9,4%, евро – 14,8%, юан – 16,2% ва рубл – 3,7% боло рафт.

Маъмултарин асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон доллари амрикоӣ боқӣ монд. Аммо дар натиҷаи гузариши Тоҷикистону Русия дар тиҷорати дуҷониба дар соли 2022 аз доллар ба рубл, талабот ба пули ИМА дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Дар бозори асъори Тоҷикистон камбуди рубл вуҷуд надорад, ба мисле, ки бо доллар буд, зеро пули Русия ҳамарӯза ба миқдори зиёд тавассути интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

Маблағи интиқол бо рубл дар Тоҷикистон тибқи дастури Бонки миллӣ аз соли 2016 танҳо бо сомонӣ ва мубодилаи он бо қурби замони гирифтани пул дода мешавад. Мутаносибан, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати сомонӣ болотар бошад, ҳамин қадр бештар оилаҳои муҳоҷирони корӣ пул мегиранд ва баръакс.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...