Иштироки 8 ҷавони суғдӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ

Мақомоти вилояти Суғд шахсияти 8 ҷавоне, ки аз ин минтақа ба кишварҳои хориҷӣ рафта, таҳсилоти динӣ гирифтаанд ва айни ҳол дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар иштирок доранд, муайян кардааст. 6 нафари онҳо аз шаҳри Исфара ва 2 нафари дигар аз ноҳияи Мастҷоҳ будаанд. Дар ин бора Сӯҳроб Рустамзода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну […]

Мақомоти вилояти Суғд шахсияти 8 ҷавоне, ки аз ин минтақа ба кишварҳои хориҷӣ рафта, таҳсилоти динӣ гирифтаанд ва айни ҳол дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар иштирок доранд, муайян кардааст. 6 нафари онҳо аз шаҳри Исфара ва 2 нафари дигар аз ноҳияи Мастҷоҳ будаанд.

Дар ин бора Сӯҳроб Рустамзода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ аз ироаи маълумоти бештар дар барои макони муноқишаҳои иштирокдоштаи ин донишҷӯён худдорӣ кард.

Ҳамчунин, ба иттилои Сӯҳроб Рустамзода 36 донишҷӯи дигар аз вилояти Суғд бо гумони таҳсили ғайриқонунии динӣ ва эҳтимоли иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар мавриди пайгард қарор доштаанд.

Дар ин рӯйхат ҷавонон аз шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд бештар аз ҳама будаанд:

  • Истаравшан – 14 нафар;
  • Хуҷанд – 8 нафар;
  • Исфара – 3 нафар;
  • Панҷакент – 3 нафар;
  • Ашт – 2 нафар;
  • Мастчоҳ – 2 нафар;
  • Ҷаббор Расулов – 2 нафар;
  • Бобоҷон Ғафуров – 1 нафар;
  • Конибодом – 1 нафар.

Дар умум, соли 2022 аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори вилояти Суғд аз 722 нафар шаҳрвандоне, ки дар хориҷа бидуни розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин таълими динӣ мегирифтанд, 703 нафарашон ба ватан баргардонида шудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи ифротгароӣ давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст, бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон мамнӯъ). Дар дохили кишвар ҳам даҳҳо нафар бо ин ҷурм паси панҷара рафтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.