Дар ноҳияи Рӯшон тайи 1 шабонарӯз 38 тарма фаромад

Asia-Plus

Рӯзи 21 феврал дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои фаромадани тарма ва селҳо ба мушоҳида расид. Танҳо дар қаламрави роҳҳои байни деҳаҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ 38 тарма фаромад.

“Дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боридани барф тармафароиҳо идома доранд. Роҳҳо байни деҳаҳо муваққатан баста аст”, – гуфтанд дар Кумита.

Дар километри 426-уми роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Хоруғ, дар наздикии мавзеи Бедара низ тарма фаромад. Бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза шуда, шомгоҳон ҳаракат тариқи он барқарор карда шуд.

“Дар километри 352-юми ин роҳ, дар қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз селҳо фаромада, лозим омад, ки роҳ баста шавад. Баъди тозакунии роҳ ҳаракат тариқи он тахминан соати 19:00 барқарор шуд”, – хабар доданд дар КҲФ.

Зимнан зикр шуд, ки бар асари фаромадани тарма ва селҳо талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 23 феврал дар қаламрави кишвар хатари фаромадани тармаву сел ва сангрезаву ярч боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...