Моҳи январ нархҳо дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд

Дар моҳи январи соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,9% ва хидматрасонии пулакӣ – 0,1% қимат шуданд. Байни маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳама бештар сабзавот (9,5%), ярмаи марҷумак (крупа гречневая) (7,7%), биринҷ (5,6% ва шир (3,6%) гарон шуданд. […]

Дар моҳи январи соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,9% ва хидматрасонии пулакӣ – 0,1% қимат шуданд.

Байни маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳама бештар сабзавот (9,5%), ярмаи марҷумак (крупа гречневая) (7,7%), биринҷ (5,6% ва шир (3,6%) гарон шуданд. Болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар навбати аввал ба зиёдшавии арзиши дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ (2,5%), воситаҳои шустан (2,4%), маҳсулоти доруворӣ (0,9%), либос, пойафзол ва масолеҳои сохтмон – ҳар кадоме 0,5% маънидод мешавад.

Болоравии начандон назарраси нарх ба хидматрасонии пулакӣ (0,1%) асосан аз ҳисоби қиматшавии таъмир ва дӯхтани пойафзол, андоз аз амволи ғайриманқул, хидматрасониҳои муассисаҳои томактабӣ ба вуҷуд омад.

Ёдрас мекунем, ки нархҳои истеъмолӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар шароити шиддат гирифтани вазъи геополитикӣ ва таварруми баланд дар ҷаҳон, ҳамагӣ ба андозаи 4,2% боло рафтанд, ки яке аз сатҳҳои нисбатан паст дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 1,9% боло рафтанд.

Сатҳи ҳадафноки таваррум дар соли 2023 мисли чанд соли ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.