“Дар зодрӯзаш кушта шуд”. Марги боз як зиндонии тоҷик дар ҷанги Украина

Asia-Plus

Муҳаммаднабӣ Бачгонови 49-сола, ки аз соли 2017 дар яке аз зиндонҳои шаҳри Иркутски Русия адои ҷазо мекард, моҳи декабри соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина ҷалб ва дар зодрӯзаш, 20-уми январи соли 2023 кушта шудааст.

Яке аз наздикони марҳум, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт,  Муҳаммаднабӣ Бачгонов моҳи декабри соли 2022 ба ҷанги Украина ҷалб шуд ва то 3 рӯз пеш аз кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд.

Пайвандонаш мегӯянд, Муҳаммаднабӣ Бачгонов аз соли 1998-ум ба Русия рафта меомад ва ба тиҷорат машғул буд. Ӯро соли 2017 бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва барои 12 сол равонаи зиндон карданд. Ӯ шаҳрвандии Русияро надошт ва дар яке аз маҳбасҳои Иркутск адои ҷазо мекард.

Ба қавли наздиконаш, ӯ гуфтааст, “бар ивази озодӣ аз маҳбас ва бо хоҳиши худ ба ҷанги Украина рафтааст”, вале онҳо ба ин иддао бовар надоранд ва мегӯянд,  “ба эҳтимолӣ зиёд, ӯ маҷбурӣ ба ҷанг ҷалб шудааст”.

“То кушта шуданаш бо бародарзодааш дар тамос буд. Зану фарзандонаш намедонистанд, ки ӯ дар ҷанг аст. Зани ӯ рус буд. Ба бародарзодааш ҳамеша мегуфт, ки вазъаш хуб аст. Як моҳи охир тамос нагирифт ва се рӯз пеш мақомоти Русия занг зада, гуфтанд, ки рӯзи 20-уми январ Муҳаммаднабӣ Бачгонов кушта шуд. Ҷасадашро ба суроғаи писараш, ки аллакай 18-сола аст, мефиристанд”, – зикр кард яке аз наздикони Муҳаммаднабӣ Бачгонов.

Манбаъи мо гуфт, шоми имрӯз, 22-юми январ, ҷасади Муҳаммаднабӣ Бачгоновро ба Тоҷикистон меоранд ва барои ба хок супоридан, ба зодгоҳаш, деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ мебаранд.

Бояд гуфт, ки бо гузаштаи қариб як сол аз оғози ҷанги Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша расонаӣ мешавад. Дар баробари ин, расонаҳо аз кушта шудани тоҷикони дар маҳбасҳои Русия зиндонӣ хабар дода, аз қавли наздикони онҳо менависанд, маҳбусон иҷборан ба ҷанг бурда шудаанд.

Аз ҷумла, Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо кардааст, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда ва кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Ҳоло дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Русия ҳеч иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.

Омори маҳбусон нест?

Мақомоти Тоҷикистон омори маҳбусони тоҷикро дар Русия пешниҳоди омма намкунанд, ё дар ҳақиқат дар даст надоранд. 

Аз ҷумла, Шуҳрат Аҳмадзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия дар нишасти матбуотии вазорат ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки дар зиндонҳои Русия чӣ қадар шаҳрвандони кишвар ҳастанд, посухи мушаххас надод ва гуфт “чунин маълумотро Вазорати корҳои дохилӣ дорад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ гуфт, чунин оморро надоранд ва дигар кишварҳо ҳам омори шаҳрвандонашон, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, надоранд.

Юсуф Раҳмон рӯзи 17-уми феврал гуфт, омори маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия маълум нест.

“Марҳамат, дар бораи гузаронидан ё овардани фарзандону хешу таборон аз маҳбасҳои Русия ба Прокуратура муроҷиат кунанд. Мо баррасӣ мекунем”, – гуфт прокурори генералӣ

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, ки Идораи зиндонҳои кишвар тобеаш аст, гуфт, “ин ваколати Прокуратура аст, суолро метавонед, ба онҳо диҳед”.

Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина хабар надоранд, бо вуҷуди ин, зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...