Моҳи январ нархҳо дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи январи соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон 0,5% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 0,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,9% ва хидматрасонии пулакӣ – 0,1% қимат шуданд.

Байни маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳама бештар сабзавот (9,5%), ярмаи марҷумак (крупа гречневая) (7,7%), биринҷ (5,6% ва шир (3,6%) гарон шуданд. Болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар навбати аввал ба зиёдшавии арзиши дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ (2,5%), воситаҳои шустан (2,4%), маҳсулоти доруворӣ (0,9%), либос, пойафзол ва масолеҳои сохтмон – ҳар кадоме 0,5% маънидод мешавад.

Болоравии начандон назарраси нарх ба хидматрасонии пулакӣ (0,1%) асосан аз ҳисоби қиматшавии таъмир ва дӯхтани пойафзол, андоз аз амволи ғайриманқул, хидматрасониҳои муассисаҳои томактабӣ ба вуҷуд омад.

Ёдрас мекунем, ки нархҳои истеъмолӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ дар шароити шиддат гирифтани вазъи геополитикӣ ва таварруми баланд дар ҷаҳон, ҳамагӣ ба андозаи 4,2% боло рафтанд, ки яке аз сатҳҳои нисбатан паст дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад.

Соли гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 5,2%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ- 1,9% боло рафтанд.

Сатҳи ҳадафноки таваррум дар соли 2023 мисли чанд соли ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...