Паёмади тармафуроӣ дар Хоруғ. 1,7 млн сомонӣ зарар дар сохтори энергетикии Бадахшон

Asia-Plus

Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари тар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ баҳогузорӣ намуд.

Тавре саҳифи фейсбукии МИҲД – и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Сорбон Холмуҳаммадзода, дирӯз, 21-уми феврал, дар ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод ва гуфт, сарфи назар аз он, ки садамаҳо сари вақт бартараф ва сокинони вилоят бо нерӯи барқ таъмин гардиданд, дар пайи офатҳои табиии такрорӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят, боз норасогӣ ба назар мерасад ва дар давоми рӯз бартарафкунии он идома хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, дар зимни ҷаласа Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва роҳбари Ситод таъкид намудааст, ки пеш аз ҳама сокинонеро, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида, барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

“Тибқи эҳтиёҷот барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5 тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад, зеро дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад”, – гуфтааст Қоҳир Расулзода.

Бояд гуфт, ки Қоҳир Расулзода 20-уми феврал ба шаҳри Хоруғ, ки дар пайи тармафуроӣ чандин нафар ба ҳалокат расидаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, сафар кард ва бо вазъ шинос шуд. Ӯ аз аҳволи зарардидагон ва ҷароҳатбардоштагон низ дидан кард.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пас аз ин, аз Фонди захиравии президент ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар ВМКБ 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...