Ба вилояти Суғд беш аз 31 ҳазор мошин бо маблағи 125 млн доллар ворид шудааст

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Давоми соли 2022 ба вилояти Суғд 31 ҳазору 439 адад мошин ба  маблағи 125,1 млн доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 11  300 адад ва маблағи 49 млн доллар зиёд  мебошад. Соли гузашта 20 ҳазору 128 мошин ба маблағи 76 млн доллари амрикоӣ ворид шуда буд.

Дар ин бора Анвар Оқилов, муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки ин миқдор мошин ба вилояти Суғд асосан аз  давлатҳои  Аврупо, Чин, Гурҷистон, Русия, Корея ва Ӯзбекистон ворид шудаанд ва соли барориши аксари онҳо пас аз соли 2005 мебошад.

“Фақат як маҳдудият ҳаст, мошинҳое, ки соли бароришаш то соли 2005 аст, воридоташ манъ мебошад. Зеро талаботи қонунгузорӣ чунин аст ва мо дар доираи талаботи қонун воридоти онҳоро иҷозат намедиҳем”, – гуфт Анвар Оқилов.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005 ба қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар сурати кушиши воридкунии чунин навъи мошинҳо, мақомоти гумрук онро манъ мекунад ва амборҳои махсус нигаҳ медорад. Дар ҳолати зарурӣ ва бо иҷозаи худи соҳиби мошинҳо он бозсодирот ё худ реэкспорт карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...