Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди сифати таҳсилоти миёна 50 млн доллар медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи 23 феврал пешниҳоди грантро ба маблағи 50 млн доллар барои амалисоҳии лоиҳа дар самти беҳбуди таълим ва таҳсил дар низоми маълумоти миёнаи Тоҷикистон маъқул шуморид.

Кумаки бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо карда мешавад.

“Бо вуҷуди дар сатҳи баланд қарор доштани дастрасӣ ба маълумоти миёна дар Тоҷикистон, ки дар соли 2019 96,5%-ро ташкил дод, сифати таълим паст боқӣ мемонад”, – зикр мешавад дар варақаи итттилоотии Бонки ҷаҳонӣ.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимли бар ин назар аст, ки таҳсил маблағгузории муҳим ба сармояи инсонӣ буда, ба маоши бештар баланд ва рушди ММД вобаста аст.

“Мо аз ин сармоягузории нав хеле қаноатмандем, зеро ҳадафи он беҳбуди таълим ва таҳсил ҷавонон буда, аз рушди имконот ва арзёбии таҳсил ҷиҳати бунёди нзоми бештар масъул, муассир ва фарогиранда дастгирӣ мекунад”, – изҳор доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа таҳия ва роҳандозии низоми нави милии таълим ва таҳсил, дар марҳидаи дуюм – маблағгузорӣ ва таъмиру барқарорсозии мактабҳо ва дар марҳилаи сеюм – тақвияти имконоти кишвар дар мавриди баргузории арзёбиҳои миллӣ ва байнулмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоил дар назар дошта шудааст.

Интизор меравад, ки ин сармоягузориҳо мустақиман ба 40 ҳазор хонанда ва 1,2 ҳазор омӯзгор аз 65 мактаби мавриди ҳадаф манфиат хоҳанд овард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...