Кишварҳои мададрасон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон қариб 12 баробар кам карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо арзиши моҳи январи соли гузашта, ки маблағи он қариб 30,4 млн долларро ташкил дода буд, қариб 12 баробар кам аст.

Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 19 кишвари ҷаҳон ворид шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин моҳи соли 2022 шумори чунин кишварҳо ба 26 адад баробар буд.

Зиёда аз 43% дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи аз Чин, ҳудуди 16% – аз ИМА ва зиёда аз 15% – аз Туркия ворид шудааст.

Ҳамчунин ҳиссаи нисбатан бештар ба Дания (4,7%), Олмон (3,8%), Нидерланд ва Кореияи Ҷанубӣ (3,7%-ӣ), Мексика (2,7%), Русия (2%), Барбадос (19%), Қазоқистон (1,4%), Норвегия (1,1%), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷопон (0,7%-ӣ) рост меояд.

Дар соли гузашта низ кишварҳои асосии мададрасон Чин (56%) ва ИМА (38%) буданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми бесобиқа зиёди кумаки башардӯстона ворид шуд, ки арзиши умумиаш ҳудуди 141 млн долларро ташкил дод.

Барои муқоиса: арзиши умумии ёрии башардӯстонаи дар соли 2022 воридшуда 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мебошад, ки соли 2023 барои дастгирии буҷети давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

То ин вақт кумаки башардӯстонаи аз лиҳози арзиш нисбатан зиёд ба Тоҷикистон расонидашуда – 87,4 млн доллар дар соли 2013 ворид шудааст.

Кумаки нисбатан камтар ба ҷумҳурӣ – 44,8 млн доллар соли 2015 расонида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...