Кишварҳои мададрасон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон қариб 12 баробар кам карданд

Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо арзиши моҳи январи соли гузашта, ки маблағи он қариб 30,4 млн долларро ташкил дода буд, қариб 12 баробар кам аст. Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли […]

Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо арзиши моҳи январи соли гузашта, ки маблағи он қариб 30,4 млн долларро ташкил дода буд, қариб 12 баробар кам аст.

Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ аз 19 кишвари ҷаҳон ворид шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин моҳи соли 2022 шумори чунин кишварҳо ба 26 адад баробар буд.

Зиёда аз 43% дар ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар моҳи январи аз Чин, ҳудуди 16% – аз ИМА ва зиёда аз 15% – аз Туркия ворид шудааст.

Ҳамчунин ҳиссаи нисбатан бештар ба Дания (4,7%), Олмон (3,8%), Нидерланд ва Кореияи Ҷанубӣ (3,7%-ӣ), Мексика (2,7%), Русия (2%), Барбадос (19%), Қазоқистон (1,4%), Норвегия (1,1%), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Ҷопон (0,7%-ӣ) рост меояд.

Дар соли гузашта низ кишварҳои асосии мададрасон Чин (56%) ва ИМА (38%) буданд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми бесобиқа зиёди кумаки башардӯстона ворид шуд, ки арзиши умумиаш ҳудуди 141 млн долларро ташкил дод.

Барои муқоиса: арзиши умумии ёрии башардӯстонаи дар соли 2022 воридшуда 2,5 баробар зиёдтар нисбат ба грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мебошад, ки соли 2023 барои дастгирии буҷети давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

То ин вақт кумаки башардӯстонаи аз лиҳози арзиш нисбатан зиёд ба Тоҷикистон расонидашуда – 87,4 млн доллар дар соли 2013 ворид шудааст.

Кумаки нисбатан камтар ба ҷумҳурӣ – 44,8 млн доллар соли 2015 расонида шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.