Кормандони гумруки Сургут занеро, ки бо беш аз 1 млн рубл ба Тоҷикистон мерафт, боздошт карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони постгоҳи гумруки Тюмени Русия занеро, ки бо пулҳои дар эъломия зикрнашуда ба Тоҷикистон раҳсипор буд, боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Зане, ки ному насаб ва миллаташ зикр намешавад, ният дошт бо хатсайри Сургут-Хуҷанд дар бағочи дастиаш 1 млн 167 ҳазор рублро ба Хуҷанд расонад.

“Ӯро дар “минтақаи сабз”-и назорати гумрукӣ боздошт намуданд. Маблағи баробар ба 10 ҳазор долларро ба зани мусофир зери баёнот баргардонида, 451,5 ҳазор рубли боқимондаро, ки гузарониданаш ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, мусодира намуданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Аз рӯи далели мазкур парванда оид қонушикании маъмурӣ боз шуда, маводи парванда ба суд ирсол шудааст. Зан метавонад то маблағи дукаратаи пулҳои дар эъломия зикрнашуда ҷарима супорад ё он мусодира шавад.

Дар Русия ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани пули нақди баробар ба зиёда аз 10 ҳазор доллар эъломияи гумрукиро пур кардан зарур аст. Барои зикри хаттии асъор дар эъломия пардохти гумрукӣ ситонида намешавад ва он барои шахсе, ки эъломияро пешниҳод мекунад, бепул аст.

Дар ҳамин ҳол, агар пули нақд аз 10 ҳазор доллар (дигар асъори баробар ба он низ) зиёд бошад, ҳангоми дар эъломия зикр гардидани он, ҳуҷҷати аз куҷо дарёфт шудани ин маблағ талаб мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...