Кормандони гумруки Сургут занеро, ки бо беш аз 1 млн рубл ба Тоҷикистон мерафт, боздошт карданд

Кормандони постгоҳи гумруки Тюмени Русия занеро, ки бо пулҳои дар эъломия зикрнашуда ба Тоҷикистон раҳсипор буд, боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод. Зане, ки ному насаб ва миллаташ зикр намешавад, ният дошт бо хатсайри Сургут-Хуҷанд дар бағочи дастиаш 1 млн 167 ҳазор рублро ба Хуҷанд расонад. “Ӯро дар “минтақаи сабз”-и назорати гумрукӣ боздошт […]

Кормандони постгоҳи гумруки Тюмени Русия занеро, ки бо пулҳои дар эъломия зикрнашуда ба Тоҷикистон раҳсипор буд, боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Зане, ки ному насаб ва миллаташ зикр намешавад, ният дошт бо хатсайри Сургут-Хуҷанд дар бағочи дастиаш 1 млн 167 ҳазор рублро ба Хуҷанд расонад.

“Ӯро дар “минтақаи сабз”-и назорати гумрукӣ боздошт намуданд. Маблағи баробар ба 10 ҳазор долларро ба зани мусофир зери баёнот баргардонида, 451,5 ҳазор рубли боқимондаро, ки гузарониданаш ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, мусодира намуданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Аз рӯи далели мазкур парванда оид қонушикании маъмурӣ боз шуда, маводи парванда ба суд ирсол шудааст. Зан метавонад то маблағи дукаратаи пулҳои дар эъломия зикрнашуда ҷарима супорад ё он мусодира шавад.

Дар Русия ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани пули нақди баробар ба зиёда аз 10 ҳазор доллар эъломияи гумрукиро пур кардан зарур аст. Барои зикри хаттии асъор дар эъломия пардохти гумрукӣ ситонида намешавад ва он барои шахсе, ки эъломияро пешниҳод мекунад, бепул аст.

Дар ҳамин ҳол, агар пули нақд аз 10 ҳазор доллар (дигар асъори баробар ба он низ) зиёд бошад, ҳангоми дар эъломия зикр гардидани он, ҳуҷҷати аз куҷо дарёфт шудани ин маблағ талаб мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.