Тоҷикистон кишвари ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ дониста шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистон ба ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба сафорати Тоҷикистон дар Малайзия.

Ин ҷоиза ба Тоҷикистон рӯзи 24 феврал дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) дар маросим зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ – «RHA SDN BHD» тақдим шуд.

Гуфта мешавад, расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.

Қаблан рӯзи 10 феврал дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки соли 2022 999,3 ҳазор сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 3,4 баробар ё худ 703 ҳазор нафар сайёҳ зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Зикр гардида буд, ки  сайёҳон аз ҳама бештар аз Ӯзбекистон – 690 ҳазор нафар, Русия – 136 ҳазор нафар, Қазоқистон – 25 ҳазор нафар, Туркия – 7,5 ҳазор нафар ва ИМА- ҳудуди 7 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...