Дар Душанбе 3 нафаре, ки роҳкироро надода, ронандаи таксиро латукӯб карданд, боздошт шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони милитсия ба гумони авбошӣ се нафар сокинони шаҳри Душанберо боздошт намуданд. Онҳо аз пардохти маблағи роҳкиро саркашӣ намуда, таксиронро латукӯб намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия аз рӯи ин далел Меҳроҷиддин Сафарови 29-сола, Парвиз Маҳмадраҳимови 29-сола ва Шаҳбоз Муқимови 30-соларо боздошт кардаанд.

“Шоми рӯзи 23 феврал онҳо ба таксӣ нишаста, қариб 3 соат бо он дар шаҳр сайругашт кардаанд. Дар назди беморхонаи “Истиқлол” аз мошин фаромада, аз пардохти 100 сомонӣ маблағи роҳкиро тибқи ҳисобкунак саркашӣ мекунанд ва илова бар ин, ронандаи таксиро мавриди латукӯб қарор медиҳанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ронанда рафтори онҳоро дар камераи телефони мобилии худ сабт мекунад ва маҳз ҳамин навор ҷиҳати исботи даст доштани шахсони дар боло зикршуда ба ин ҷиноят далел мешавад.

Дар Раёсати ВКД-и пойтахт зикр мекунанд, ки “дар амалҳои гумонбаршудагон содир гардидани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошӣ) ба назар мерасад.

“Айни замон масъалаи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин далел баррасӣ мешавад”, – иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.

Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...