Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия ба 50,2 ҳазор нафар расид

Бар асари як силсила заминларзаҳо дар Туркия 44 ҳазору 374 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TRT Haber бо истинод ба Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода (AFAD). “То ин дам қариб 10 ҳазор таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) рух доданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия қариб дар 21 ҳазор бино […]

Бар асари як силсила заминларзаҳо дар Туркия 44 ҳазору 374 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TRT Haber бо истинод ба Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода (AFAD).

“То ин дам қариб 10 ҳазор таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) рух доданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия қариб дар 21 ҳазор бино ба охир расида, айни замон 8 ҳазору 182 корманди хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ба кор дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ҷалб шудаанд”, – иброз доштаааст роҳбари AFAD Юнус Сезер.

Ба гуфтаи вай, дар минтақа 287 шаҳракҳои хаймаҳо ташкил шудааст.

Теъдоди умумии қурбониёни заминҷунбӣ дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаҳои ошӯбгарон ва ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 914 нафар расид, менависад France24.

Ҳукумати Туркия хабар дод, ки дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларза нисбати 612 нафар тафтишот роҳандозӣ шуда, 182 нафар бо шумули паймонкорони сохтмон, моликон ва мудирони бинову иншоот гумонбар дониста мешаванд ва то қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Заминларзаи мудҳиш дар Туркия ва Сурия рӯзи 6 феврал рух дод. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон онро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.