Соҳаи сохтмони Русия ба 200 ҳазор коргар ниёз дорад

Дар соҳаи сохтмони Русия 200 ҳазор коргар намерасад, хабар додааст роҳбари маркази кадрҳои Вазорати меҳнати ин кишвар Елена Сенкевич дар нишасти матбуотӣ, менависад ТАСС. “Талаботи ҷорӣ – ҳудуди 200 ҳазор дар соҳаи сохтмон ва 90 ҳазор дар Хоҷагии манзилию коммуналӣ. Мо ҳамаи субъектҳоро таҳлил мекунем ва метавонам бигӯям, ки аз 85 субъект ҳудуди 78-тоаш маълумот […]

Дар соҳаи сохтмони Русия 200 ҳазор коргар намерасад, хабар додааст роҳбари маркази кадрҳои Вазорати меҳнати ин кишвар Елена Сенкевич дар нишасти матбуотӣ, менависад ТАСС.

“Талаботи ҷорӣ – ҳудуди 200 ҳазор дар соҳаи сохтмон ва 90 ҳазор дар Хоҷагии манзилию коммуналӣ. Мо ҳамаи субъектҳоро таҳлил мекунем ва метавонам бигӯям, ки аз 85 субъект ҳудуди 78-тоаш маълумот пешниҳод мекунанд”, – иброз доштааст Сенкевич.

Муовини раиси ҳукумати кишвари Хабаровск оид ба масоили сохтмон Керим Сунгуров зикр кардааст, ки дар соҳаи сохтмони ин минтақа ҳудуди 3,5 ҳазор коргар намерасад.

“Мутаассифона, шумори ҷойҳои кории холӣ бамаротиб аз теъдоди бекорон дар минтақа зиёд аст”, – гуфтааст Сунгуров.

Моҳи октябри соли 2022 дар Вазорати сохтмон бинобар сабаби норасоии бинокорон ҷалби бекоронро пешниҳод намуданд.

Дар Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорат зикр карданд, ки ин шумор аз 3 то 5 млн нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли 2022 муовини вазири сохтмон ва Хоҷагии манзилию коммуналӣ Никита Стасишин изҳор дошта буд, ки дар ширкатҳои сохтмон камбуди кадрҳо ба мушоҳида намерасад.

“Шояд дар ҷое камбуд бошад, аммо дар ҳамон ҷо ҳал мешавад ва ба мисли ду соли пандемия ба мо занг намезананд, ки коргар нест”, – гуфт буд Стасишин.

Қаблан президенти Иттиҳодияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) Антон Глушков гуфта буд, ки шумори коргарони муҳоҷири сохтмончӣ дар Русия то 500 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст, ки чаҳоряки нишондиҳандаи поёни соли 2020 аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар охири соли 2020 тибқи омори расмӣ дар иншооти сохтмон 800 ҳазор муҳоҷир ва аз рӯи арзёбии коршиносон – ҳудуди 2 млн нафар кор мекарданд.

“Имрӯз оморӣ расмӣ қариб вуҷуд надорад, зеро ҳамаи онҳо ба сифати сайёҳ ба назди мо меоянд. Тахмин меравад, ки имрӯз дар сохтмон тақрибан 500 ҳазор муҳоҷир машғули коранд, яъне чоряки ҳаҷми пештара”, – гуфтааст Глушков.

Ӯ зикр кардааст, ки норасоии бештари муҳоҷирони корӣ феълан дар минтақаҳои Русия эҳсос мешавад, зеро Маскав, Санкт-Петербург ва якчанд шаҳри бузург бо пешниҳоди маоши нисбатан баланд ҳамаи муҳоҷирони воридшударо ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Вазири меҳнати Русия Ирек Файзуллин зикр карда буд, ки дигар ба онҳо аз ширкатҳои сохтмон дар робита ба масъалаи камбуди муҳоҷирон муроҷиат намекунанд.

Ба гуфтаи Файзуллин, гурӯҳи кории байниидоравии хукумат «нисбат ба коргарон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле дақиқ корро ба роҳ мондааст».

Ғайр аз ин, илова кардааст вазир, дар доираи мубориза бо таҳримҳои кишварҳои Ғарб, Вазорати сохтмон доир ба масъалаи дарёфти самтҳои нави ҷалби қувваи корӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад.

“Шояд аз Ҳиндустон бинокоронро ҷалб кунем”, – хабар додааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.