Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз бо Котиби давлатии ИМА вомехӯранд

Asia-Plus

Имрӯз, 28 феврал дар Остона (Қазоқистон) вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 баргузор мешавад.

Дар рӯзномаи вохӯрӣ баррасии масоили рушди ҳамкории минтақавӣ ва шарикӣ бо ИМА ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад Vlast.kz.

Барои иштирок дар кори он, инчунин гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Қазоқистон шоми шаби 28 феврал Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Остона омад. Ин аввалин сафари расмии ӯ ба Қазоқистон мебошад.

Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров хабар дода буд, ки “ҳамаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштиркои худро дар ин вохӯрӣ тасдиқ карданд”.

“Зимни вохӯрӣ баррасии масоили рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаи иқтисоду энергетика, ҳифҳи муҳити зист ва мубориза бо терроризм дар назар аст. Имрӯз механизми C5+1 худро ҳамчун як платформаи муассири дипломатӣ муаррифӣ кардааст, ки ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар таъмини рушди бисёрҷанбаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад”, – илова намудааст ӯ.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин низ дар ин вохӯрӣ иштирок мекунад.

Дар доираи сафар ба Остона вохӯрии Котиби давлатии ИМА бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар назар буда, ӯ ҳамчунин бо муовини сарвазир – вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мухтор Тлеубердӣ дидору гуфтушунид анҷом медиҳад. Моҳи сентябри соли 2022 вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Энтони Блинкен дар чаҳорчӯби платформаи "С5+1"  дар доираи кори иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк гирдиҳам омада буданд.

Он замон ҷонибҳо густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҳам байни кишварҳои минатқа ва ҳам бо ИМА-ро баррасӣ карда буданд.

Платформаи С5+1 механизми бисёрҷонибаи ҳамкории мутақобила байни 5 кишвари минатқаи Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва ИМА мебошад.

Он соли 2015 барои баррасии масоили минтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, экология ва амният таъсис дода шудааст.

Ба иттилои сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон, рӯзи 27 феврал дар Остона мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди баргузор гардид.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...