Кумаки Ӯзбекистон ба эҳёи пиллапарварӣ дар Тоҷикистон

Корхонаи истеҳсоли атласу адраси “Атласи Хуҷанд” дар соли 2023 таъсиси корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд Силк”-ро бо нассоҷони Ӯзбекистон дар нақша дорад. Тавре ки Sugdnews хабар медиҳад, ба гуфтаи директори “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров, ин ҷо дар бораи муттаҳид шудан бо корхонаи Ӯзбекистон, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим машғул аст, сухан меравад. Дар ҳамин […]

Корхонаи истеҳсоли атласу адраси “Атласи Хуҷанд” дар соли 2023 таъсиси корхонаи муштараки “Самарқанд-Суғд Силк”-ро бо нассоҷони Ӯзбекистон дар нақша дорад.

Тавре ки Sugdnews хабар медиҳад, ба гуфтаи директори “Атласи Хуҷанд” Азимҷон Ғафуров, ин ҷо дар бораи муттаҳид шудан бо корхонаи Ӯзбекистон, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим машғул аст, сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки “Атласи Хуҷанд” то ин дам аллакай дар фаъолияти муштарак таҷриба дорад, аз ҷумла бо ширкати "LTD Bezema"-и Швейтсария ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои Ғафуров, айни замон дар корхона 120 навъи атлас ва 34 навъи адрас истеҳсол мешавад.  Ҳамасола дар як баст зиёда аз 50 мутахассис ва коргарон 50 ҳазор метр матоъ истеҳсол мекунанд.

Бо тавсеаи имконоти “Атласи Хуҷанд” ва таъсиси корхонаи муштарак бо ширкати Самарқанд, Тоҷикистон метавонад дар роҳи эҳёи соҳаи кирмакпарварӣ як қадами бузурге ба пеш гузорад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, тайи солҳои охир истеҳсоли пилла –  ашьёи хоми асосии абрешим дар ҷумҳурӣ кам шуда истодааст.

Соли 2022 дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 378 тонна пилла истеҳсол шудааст, ки 13,9% камтар нисбат ба соли пешин аст. Барои муқоиса: соли гузашта дар Ӯзбекистон зиёда аз 25 ҳазор тонна пилла истеҳсол шудааст.

Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳаҷми истеҳсоли пилла бояд то 1300 тонна дар як сол зиёд карда шавад.

Дар Тоҷикистон тайи 30 соли охир истеҳсоли пилла қариб 12 баробар кам шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 528 тонна пилла истеҳсол шуда буд.

Дар Барномаи нави рушди ин соҳа барои солҳои 2021-2024 обод кардани майдони тутзорҳо, нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳосили дарахтони тут, бунёди тутзорҳои нав пешбинӣ шудааст, ки захираҳои зиёди молиявиро талаб мекунад.

Бо мақсади таҳкими заминаи хӯрокаи кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинонидани 4 млн 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзорҳои нав дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.