Кремл ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказиро афзалиятнок унвон кард

Asia-Plus

Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ҳамкорӣ дошта, инро афзалияти сиёсати хориҷии худ медонад, изҳор доштааст зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, менависад Интерфакс.

“Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дуҷониба ва шаклҳои ҳамкории худро дошта, бо чанде аз онҳо моро равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муттаҳид мекунанд, ки мо ба он таваҷҷӯҳ дорем ва аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ медонем”, – таъкид доштааст ӯ.

Дар Кремл ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, ки ҷиҳати шарҳи сафари котиби давлатии ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ВКХ Русия муроҷиат кунанд, лекин хотиррасон намудаанд, ки Маскав ҳамкориҳои мутақобилаи худро бо давлатҳои минтақа дар қолабҳои худ рушд медиҳад.

“Сафири котиби давлатии ИМА-ро шарҳ доданӣ нестам. Ба ҳар ҳол, ман сухангӯи президенти Русия ҳастам. Ин салоҳияти ҳамтоҳои ман дар ВКХ аст”, – зикр кардааст Дмитрий Песок ба журналистон.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо аввалин сафари расмӣ ба пойтахти Қазоқистон омада, бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа дидору гуфтушунид кард.

Пеш аз ин вохӯрӣ котиби давлатии ИМА бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...