Кремл ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказиро афзалиятнок унвон кард

Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ҳамкорӣ дошта, инро афзалияти сиёсати хориҷии худ медонад, изҳор доштааст зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, менависад Интерфакс. “Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дуҷониба ва шаклҳои ҳамкории худро дошта, бо чанде аз онҳо моро равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муттаҳид мекунанд, ки мо ба […]

Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона ҳамкорӣ дошта, инро афзалияти сиёсати хориҷии худ медонад, изҳор доштааст зимни суҳбат бо рӯзноманигорон сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, менависад Интерфакс.

“Мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дуҷониба ва шаклҳои ҳамкории худро дошта, бо чанде аз онҳо моро равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муттаҳид мекунанд, ки мо ба он таваҷҷӯҳ дорем ва аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии худ медонем”, – таъкид доштааст ӯ.

Дар Кремл ба рӯзноманигорон тавсия додаанд, ки ҷиҳати шарҳи сафари котиби давлатии ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ВКХ Русия муроҷиат кунанд, лекин хотиррасон намудаанд, ки Маскав ҳамкориҳои мутақобилаи худро бо давлатҳои минтақа дар қолабҳои худ рушд медиҳад.

“Сафири котиби давлатии ИМА-ро шарҳ доданӣ нестам. Ба ҳар ҳол, ман сухангӯи президенти Русия ҳастам. Ин салоҳияти ҳамтоҳои ман дар ВКХ аст”, – зикр кардааст Дмитрий Песок ба журналистон.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо аввалин сафари расмӣ ба пойтахти Қазоқистон омада, бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа дидору гуфтушунид кард.

Пеш аз ин вохӯрӣ котиби давлатии ИМА бо президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.