Кор дар Британияи Кабир. Хадамоти муҳоҷират гуфт, “танҳо бо ширкати “Про-Форс”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, Тоҷикистон танҳо бо ширкати “Про-Форс”-и Британияи Кабир шартномаи ҳамкорӣ дорад ва аҳолӣ ба ширкатҳои миёнарав, ки ваъдаи корро дар Британия медиҳанд, бовар накунанд.

Ин ниҳод бо нашри як эълон дар сомонаи расмиаш зикр кард, ки бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, тамоми хидматрасониҳо ройгон мебошад.

Ин ниҳод зикр кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд бо шиносномаи худ ба суроғаи зерин барои номнависӣ муроҷиат кунанд: ш. Душанбе, кўчаи Айни 121, телефонҳо 2250575, 2250221.

Ба иттилои манбаъ, раванди ба кор таъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад.

"Баъд аз гузаштан аз озмун, хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад”, – омадааст дар эълони Хадамоти муҳоҷират.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки “ба ягон нафар ё ширкати миёнарав бовар накунед ва ҳангоми даст задан ба ҳолатҳои пешниҳоди кори қалбакӣ дар Британияи Кабир ба телефонҳои боварии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 225-07- 28; 225-07-33 занг занед”.

Қаблан, сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди пешниҳоди қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар нигаронӣ карда, тарзи дурусти муроҷиат барои кор дар ин кишварро шарҳ дода буд.

Ёдрас мешавем, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон давоми ду соли охир муҳоҷирони кории тоҷикро барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир равон мекунад. Танҳо соли гузашта 383 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (қулфинай ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст.  Ҳамчунин аз хоҳишмандон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб мешуд.

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, ки “муҳоҷироне, ки рафта омаданд, аз маош ва шароити корӣ хеле қаноатманданд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...