Сафорати Британияи Кабир аз пешниҳодҳои қалбакии кор дар ин кишвар огоҳ мекунад

Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран ҳодисаҳои пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар зиёд шудааст. Дар саҳифаи худ дар Facebook сафорат шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки ба ин гуна эълонҳои қалбакӣ бовар накунанд. Аз ҷумла, қалбакӣ будани даъватро метавон аз он фаҳмид, ки дар он дар бораи гирифтани раводид […]

Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран ҳодисаҳои пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар зиёд шудааст.

Дар саҳифаи худ дар Facebook сафорат шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки ба ин гуна эълонҳои қалбакӣ бовар накунанд. Аз ҷумла, қалбакӣ будани даъватро метавон аз он фаҳмид, ки дар он дар бораи гирифтани раводид (виза) дар сафорат сухан меравад.

“Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе раводид умуман намедиҳад.  Агар ба шумо гӯянд, ки шумо метавонед раводидро аз Сафорат гиред, он гоҳ ширкате, ки шумо бо он сарукор доред, ҳақиқӣ нест! Хоҳишмандон нахуст бояд ба Марказҳои машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба  маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact муроҷиат намоянд, ки дар он барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад”, – омадааст дар хабар.

Агар оид ба барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир савол дошта бошед, лутфан ба телефони боварӣ занг занед: 225 05 75;  225 02 21.

Сомонаи расмӣ барои пур кардани дархости (анкетаи) раводиди Британиявӣ: https://www.gov.uk/seasonal-worker-visa/apply.

Сомонаи расмии ширкати TLS (ширкате ки ҳуҷҷатҳои шуморо қабул мекунад): https://pos.tlscontact.com/dyu_ru/address.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта бори нахуст аз Тоҷикистон ба Британияи Кабир як гурӯҳи иборат аз 126 нафар ба кор фиристода шуданд. Баъдтар боз 200 нафар муҳоҷирони корӣ ба онҳо ҳамроҳ шуданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардида буд, ки арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст.  Ҳамчунин аз хоҳишмандон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб мешуд.

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.