Имсол 126 нафар тоҷикистониён барои кор ба Британияи Кабир фиристода шуданд

Соли равон 126 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба як кишвари аврупоӣ – Британияи Кабир сафарбар шуданд. Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод. Ба гуфтаи вазир меҳнат, боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди ин кишвар ҳастанд. Ширин Амонзода  гуфт, шаҳрвандони […]

Соли равон 126 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба як кишвари аврупоӣ – Британияи Кабир сафарбар шуданд.

Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вазир меҳнат, боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди ин кишвар ҳастанд.

Ширин Амонзода  гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.

Мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан 90 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 322 ҳазору 68 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳаиин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар ин давра аз хориҷи кишвар 240  ҳазору 596 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.

Қаблан дар Вазорати меҳнат хабар дода буданд, ки ширкати бритониёӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимӣ ба ин кишвар даъват кардааст ва то ҳол ҳудуди 1 ҳазор нафар дархост додаанд, вале баъди имтиҳони забони англисӣ ҳудуди 250 нафари онҳо (ҳамон вақт) пазируфта ва интизори даъвати кор ҳастанд.

“Талаботи ширкат танҳо як аст: донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират. Дар Бритониё онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Дар як моҳ ҳудуди 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг кор мекунанд. Муҳлати шартномаи кор шаш моҳ аст. Баъди шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад, – гуфта буданд дар Вазорат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.