Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, истеъфояш ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиён” рабт надорад

Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳсҳои тундаш дар бораи дини Зардушт ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон маъруф аст, гуфт, истеъфояш ба баҳсҳои диниаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиёни Тоҷикистон” рабте надорад. Ӯ гуфт, охири соли гузашта ба унвонии раиси шаҳри Душанбе аризаи истеъфояшро […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков), рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳсҳои тундаш дар бораи дини Зардушт ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон маъруф аст, гуфт, истеъфояш ба баҳсҳои диниаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиёни Тоҷикистон” рабте надорад.

Ӯ гуфт, охири соли гузашта ба унвонии раиси шаҳри Душанбе аризаи истеъфояшро пешниҳод карда буд ва инак, баъди баррасӣ имрӯз, 6-уми марти соли равон, имзо шуд.

Мудири ҳамакнун собиқи Китобхонаи шаҳри Душанбе ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ сабаби истеъфояшро роҳ кушодан барои дигарон унвон кард.

“Ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки фармони аз кор рафтанамро роҳбарият бароварда бошад. Аз Радиои “Тоҷикистон”, аз Шабакаи аввал (Телевизиони “Тоҷикистон”) ва Телевизиоин “Пойтахт” истеъфо додам. 6-7 сол дар як вазифа кор кардед, бас аст, бояд дигар кас кор кунад. Потенсиал, андеша ва назаратро гуфтӣ, реформа кардӣ, бас аст”, – шарҳ дод сабаби истъфояшро Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Номбурда афзуд, ҳоло ҳеҷ мансаберо пешниҳод накардаанд ва агар дар бахши идеология ягон вазифаеро пешниҳод кунанд, шояд, ки кор кунад. Ҳоло гуфт, ба кори хоҷагидорӣ машғул мешавад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки дар гузашта мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои “Тоҷикистон” буд, аз чеҳраҳои баҳсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки бо навиштаҳо ва наворҳои зиёдаш мавзуъҳои ҳассоси диниро ба баҳс мекашад. Бархеҳо инро ба маънои нохун задан ба торҳои нозуки эҳсосоти дину боварҳо медонанд.

Худи ӯ ба ин андеша розӣ нест ва дар як суҳбаташ бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳеҷ гоҳ исломро ҳамчун дин инкор накардааст, падару бобояш олими ислом буданд”.

“Танҳо мехоҳам, ки дигарон гузаштагони моро ҳақорат накунанд, таърихи 5-ҳазорсолаи моро сиёҳ накунанд”,- гуфта буд Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ӯ 14-уми феврали соли 2022 аз ҷониби як ҷавон дар Душанбе мавриди таҳқир ва ҳамла қарор гирифта буд в худаш иддао мекард, ки “барои шарҳу баёнияҳояш дар бораи рӯҳониён ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон, махсусан дини Зардушт ва китоби Авасто” мавриди ҳамла қарор гирифт.

Як рӯз пас аз ин ҳодиса, Раёсати корҳои дохилии Душанбе Туғён Исмоилови 25-соларо бо гумони "таҳқир ва таҳдид" ба Абдуқодир Талбаков дастгир карда, бо гуноҳи "майдаавбошӣ" ба понздаҳ шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз он замон то имрӯз  борҳо даъво дошт, ки барои андешаҳояш мавриди таҳдиду таҳқир қарор гирифтааст. Махсусан, баъди тасмими ӯ дар бораи таъсиси ҷомеаи зардуштиёни Тоҷикистон, ки пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони ин ойин дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба миён омад.

Ин баёнияи ӯ дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук” баҳсҳои тунд дар бораи дини Зардушт ва Исломро ба бор овард ва то ҳол идома дорад.

Бисёре аз корбарони тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳорро кофиру муртад хондаву сахт танқид ва ба гуфтаи худаш, ҳатто таҳдиди куштан карданд. Худи Абдуқодир мегӯяд, боварҳои динии касеро таҳқир накардааст ва ҳадафаш “пуштибонӣ аз таърихи пешазисломии тоҷикон, махсусан дини Зардушт ва китоби Авасто” аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.