Дар СААД коҳиши шиддати вазъро дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карданд

Asia-Plus

Иштирокчиёни нишасти роҳбаронии воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии низомии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД, ки дар Минск баргузор шуд, барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодҳо таҳия карданд. Тавре ки РИА Новости менависад, дар ин бора сардори департаменти ҳамкориҳои байнулмилалии низомии кишварҳои узви СААД – ёвари вазири мудофиаи Беларус Валерий Ревенко хабар додааст.

“Дар машварат вазъи низомиву ҳарбӣ дар минтақаи зери масъулияти созмон баррасӣ шуда, чорабиниҳои ҳамкориҳои байнулмилалии низомӣ дар доираи раёсати Беларус муайян карда шуданд”, – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи Ревенко, дар доираи ин чорабиниҳо “барои роҳбарони вазоратҳои мудофиа ҷиҳати рафъи шиддати вазъият дар қитъаҳои сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон” пешниҳодҳо таҳия гардиданд.

Аз ҷузъиёти чорабиниҳо хабар дода нашуда, танҳо зикр мешавад, ки аз натиҷаҳои машварат ба сифати асос барои амалисозии минбаъдаи қарорҳои мақомоти оинномавии Созмон истифода хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар машварат доир ба самтҳои асосии фаъолияти СААД оид ба ҳалли вазъҳои буҳронӣ ва роҳ надодан ба минбаъд шиддатёбии вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмон, баланд бардоштани омодагии воҳидҳои низомӣ ва таҳкими ҳамкории ҳарбӣ ва техникӣ изҳори назар шудааст.

Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин зимни суханронӣ дар машварат зикр кард, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД рӯзи 25 май дар Минск ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2022 вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон бори дигар шиддат гирифт: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташаннуҷи вазъ айбдор намуда, дар бораи мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани деҳаои наздимарзӣ хабар доданд.

Аз 14 то 16 сентябр маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилоятҳо Ботканд ва Оши Қирғизистон мавриди оташ қарор гирифтанд.

Бар асари ин даргириҳо аз ҳар ду тараф зиёда аз 100 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардида, манзил ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздисарҳадӣ тахриб шуданд.

Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...