“Баъди ду моҳ ҷасадашро оварданд”. Боз як зиндонии тоҷик дар ҷанги Украина кушта шуд

Носирҷон Набиҷонзодаи 33-сола, як зиндонии дигари тоҷик, ки ба ҷурми куштор дар Русия 9-сол равонаи зиндон шуда буд, баъди 2 моҳу 10 рӯзи бедарак шудан хабари маргаш дар ҷанги Русияву Украина ба наздиконаш расид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба "Азия-Плюс" хабар дод. Масъулини ҷамоати деҳоти Моғиёни Панҷакент ҳам, ки Носирҷон Набиҷонзода зодаи он ҷо буд, хабари […]

Носирҷон Набиҷонзодаи 33-сола, як зиндонии дигари тоҷик, ки ба ҷурми куштор дар Русия 9-сол равонаи зиндон шуда буд, баъди 2 моҳу 10 рӯзи бедарак шудан хабари маргаш дар ҷанги Русияву Украина ба наздиконаш расид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Масъулини ҷамоати деҳоти Моғиёни Панҷакент ҳам, ки Носирҷон Набиҷонзода зодаи он ҷо буд, хабари кушта шудани ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар ҳуҷҷатҳо рӯзи маргаш — 28-уми ноябри соли 2022, макони марг шаҳри Артемовск (Бахмут)-и Украина навишта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷасади ӯро баъди тақрибан ду моҳ — январи соли 2023 ба бародараш доданд ва ҷасади бародарашро рӯзи 4-уми январ ба зодгоҳаш овард ва субҳи рӯзи 5-уми январ дар ба хок супориданд.

“Маълум нест, ки Носирҷон Набиҷонзода кай ва таҳти чӣ шароите ба ҷанги Русияву Украина ҷалб шудааст. Дар шаҳодатномаи марг танҳо рӯзи кушта шуданаш дарҷ шудаасту халос”, – гуфт манбаъи мо аз ҷамоати деҳаи Моғиён.

Манбаъи дигари мо аз ҷамоати деҳаи Моғиён гуфт, Носирҷон Набиҷонзода ба ҷурми куштори писари аммааш Парвиз Саидмуродов гунаҳкор дониста шуда, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Маскав адои ҷазо мекард.

Аз Носирҷон Набиҷонзода ду фарзанд ятим мондааст.

Бояд гуфт, ки бо гузаштаи қариб як сол аз оғози ҷанги Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша расонаӣ мешавад.

Дар баробари ин, расонаҳо аз кушта шудани тоҷиконе, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, хабар дода, аз қавли баъзе наздиконашон менависанд, ки онҳо иҷборан ва ё бо ваъдаи авф ба ҷанг бурда мешаванд.

То ҳол расонаҳои Тоҷикистон дар бораи беш аз 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо карданд, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда ва кушта шудаанд. Ҷасади бештари нҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон омори маҳбусони тоҷикро дар Русия пешниҳоди омма намекунанд ё дар ҳақиқат дар даст надоранд. Аз ин рӯ, дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд.

Мақомоти Русия дар робита ба ин нафарон ҳеҷ иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.

Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина хабар надоранд, бо вуҷуди ин, зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.