Беш аз 2 млн доллар кӯмаки башардӯстона ба вилояти Суғд дар соли 2022

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Соли 2022 ташкилотҳои байналхалқӣ ба соҳаҳои гуногуни  вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак кардаанд. Соли 2021 ин рақам ба 1 миллиону 107 ҳазор доллар баробар буд. Дар ин бора Муҳаммадҷобир Раҷабзода, мудири шӯъбаи сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вилояти Суғд  ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод

“Ин кӯмакҳо асосан аз тарафи Барномаи рушди СММ, Фонди Оқохон, ташкилоти Актед, Ҷайзер, Хелветас ва дигарҳо роҳандозӣ гардида, барои рушди соҳаи кишоварзӣ, қисман обтаъминкунӣ, тандурустӣ, маориф, дастгирии занҳои соҳибкор  ва монанди  инҳо равона карда шудааст,”-гуфт Муҳаммадҷобир Раҷабзода.

Аз ҷониби давлатҳо бошад, соли 2022 ба вилояти Суғд 962,2 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2021 камтар аст. Соли 2021 ҳаҷми кӯмак аз ҷониби давлатҳо 1 миллиону 741 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода буд.

“90-95% кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Русия ва Қазоқистон ба вилоят ворид гардидааст. Кӯмакҳо асосан аз маводи хӯрокворӣ,  таҷҳозоти тиббӣ  ва дорувори иборат буда, тақсимоти онро соҳаҳои марбута  ба анҷом расонидаанд”, – гуфт манбаъ.

Ба таъкиди Муҳаммадҷобир Раҷабзода соли 2021-ум аз ҳисоби пандемия кӯмакҳои башардӯстона афзуда буд.

Дар ҳамин ҳол Агентии омори ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки кишварҳои мададрасон кумаки башардӯстонаро ба Тоҷикистон қариб 12 баробар кам карданд. Шумори мададрасонҳо аз 26 кишвар дар моҳи январи соли 2022 то 19 кишвар дар моҳи январи ҳамин сол кам шуд.

Дар моҳи январи соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млн доллар кумаки башардӯстона гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...