Баъди гирдиҳамоӣ ширкати “Крокус Групп” як қисми маоши муҳоҷирони тоҷикро пардохт кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ширкати сохтмонии “Крокус Групп”-и Русия, ки давоми чанд моҳ музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро надода буду ахиран онҳо ба гирдиҳамоӣ даст заданд, дирӯз, 10-уми март беш аз 100 млн рубли русии муҳоҷиронро пардохтааст.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин маблағ танҳо қарзи се моҳи охири соли гузашта, яъне октябр, ноябр ва декабр аст ва қарзи моҳҳои январ ва феврали соли 2023 рӯзҳои наздик пардохт хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ин маблағи 1 ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва бо миёнаравии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират баргардонида шуд.

“Қаблан, кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный"-и ноҳияи Красногорски вилояти Москва, ки муҳоҷирони тоҷик дар он кор мекарданд, вохӯрда буданд ва намояндагони ЖК "Лесобережный"- ваъда карда буданд, ки дар моҳи март музди меҳнатро бармегардонанд”, – гуфт Нодирӣ.

Гуфта мешуд, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар ин ширкат  натавониста буд, ки музди кормандонро сари вақт пардохт намоянд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи феврали соли равон як гурӯҳ муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбек, ки дар ширкати сохтмонии "Крокус Групп”-и Русия кор мекарданд, аз сабаби нагирифтани музди меҳнати чандмоҳа даст ба гирдиҳамоӣ заданд.

Баъди чанде Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия хабар доданд, ки бо намояндагони ширкати сохтмонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон  вохӯрданд ва масъалаи мазкурро баррасӣ карданд.

Маълум гардидааст, ки  дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ӯзбекистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...