Вазорати меҳнат: “Крокус Групп” ба пардохти маоши муҳоҷирон дар аввали моҳи март итминон дод

Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный"-и ноҳияи Красногорски вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрданд, ки  ҳафтаи гузашта ба гирдиҳамоӣ даст зада буданд. Дар хусуси қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат аз ҷониби роҳбарияти ширкат зикр гардид, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, […]

Asia-Plus

Кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо роҳбарияти ЖК "Лесобережный"-и ноҳияи Красногорски вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрданд, ки  ҳафтаи гузашта ба гирдиҳамоӣ даст зада буданд.

Дар хусуси қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат аз ҷониби роҳбарияти ширкат зикр гардид, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд”, – зикр мекунанд дар Вазорат.

Зимни мулоқот маълум гардидааст, ки фармоишгари иншооте, ки муҳоҷирон ба кор ҷалб шудаанд, ООО «Технический заказчик Фонда защиты прав граждан-участников долевого строительства» буда, пудратчӣ «Крокус Групп" мебошад.

Бино ба маълуомти Вазорат, дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар кормандон ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

"Роҳбарияти ширкат итминон дод, ки қарздорӣ аз пардохти музди маоши кормандон дар  аввали моҳи март бартараф карда мешавад. Айни замон кор дар иншооти мазкур аз рӯйи реҷаи муқарраршуда идома дошта, масъалаи пардохти музди маоши кормандон – шаҳрвандони Тоҷикистон зери назорати Вазорат ва Намояндагии он дар Русия  қарор дорад”, – хабар доданд аз Вазорат.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистони машғули кор дар иншооти мазкур зикр намуданд, ки  будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад.

“Зимни мулоқот кормандон гуфтанд, ки дар давоми 5-6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат  ба миён омад”, – навиштаанд аз ин ниҳод.

Ҳамзамон Вазорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати вайрон гардидани ҳуқуқҳои меҳнатӣ бевосита ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират бо нишонии зерин  муроҷират намоянд:

– Ҳавзаи федералии Марказӣ (ш.Москва):  +7 (495) 967-98-44, +7 (929)540 88 88, +7(910)443 63 35, +7 (967)271 02 02, +7(903)597 12 13

– Ҳавзаи федералии Урал (ш.Екатеринбург): +7 (982) 739-89-98

– Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарбӣ (ш.Санкт-Петербург):

 +7 (977) 963-25-69

– Ҳавзаи федералии Приволжие (ш.Уфа): +7 (966) 031-22-22

– Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ (ш.Краснодар): +7 (996) 120-77-77.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио