Бонки ҷаҳонӣ ба амалисозии се лоиҳаи нав дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

 “Маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ афзалияти баландтарин барои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мебошад”, – изҳор доштааст ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, имсол маблағгузорӣ ба се лоиҳаи нав дар бахшҳои маоифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар назар аст.

“Барои кумак ба кишвар дар бунёди иқтисоди бештар фарогир (инклюзивӣ) ва устувор”, – иброз доштааст вай.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова, директори минтақавӣ оид ба зерсохтор Шарл Кормйе ва роҳбари намояндагии Бонк дар Тоҷикистон Азан Севимли ҳузур доштанд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Бонки ҷаҳонӣ.

Ба ҷуз дидору гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон ва аъзои ҳукумат, Бйерде ҳамроҳи вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон боздид намуда, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави таъминот бо об иштирок карданд, ки дар доираи табиқи лоиҳаи “Таъминот бо об дар деҳот ва обпарто” таъмиру навсозӣ шуд.

Ин лоиҳа аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 58 млн доллар маблағгузорӣ шуда, ба беҳбуди вазъи таъминот бо об ва санитария дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон равона шудааст.

Дар Данғара ҳайат аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки ба шумори 26 мактаби олии Тоҷикистон дохил мешавад, боздид намуд. Ин муассисаи таълимӣ дар доираи Лоиҳаи маълумоти олӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ карда мешавад.

Айни замон Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 25 лоиҳаро ба маблағи умумии ҳудуди 1,6 млрд доллар дастгирӣ мекунад. Ба сурати умум, аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба сифати грантҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок беш аз 2,7 млрд доллар ҷудо кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...