Волии дар Балх баргузидаи Толибон кушта шуд

Муҳаммад Довуд Музмал, волии Балх, дирӯз, 9-уми март, дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои ҳукумати вилояти Балх кушта шуд. Дар ин бора сомонаи телевизиони “Tolonews” хабар медиҳад. Ин расона бо такя ба манобеи худ дар идораи амнияти вилояти Балх хабар медиҳад, ки ҳамлакунанда маводи тарканда дар баданаш ҷосозӣ карда буд ва худро дар наздики дафтари […]

Муҳаммад Довуд Музмал, волии Балх, дирӯз, 9-уми март, дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои ҳукумати вилояти Балх кушта шуд. Дар ин бора сомонаи телевизиони “Tolonews хабар медиҳад.

Ин расона бо такя ба манобеи худ дар идораи амнияти вилояти Балх хабар медиҳад, ки ҳамлакунанда маводи тарканда дар баданаш ҷосозӣ карда буд ва худро дар наздики дафтари волии Балх тарконид.

Дар пайи ин таркиш се нафар, аз ҷумла волӣ кушта шудааст ва чаҳор нафари дигар захм бардоштаанд.

Муҳаммад Осиф Вазирӣ, сухангӯи фармондеҳи амнияти вилояти Балх, дар бораи ин рӯйдод ба "Tolonews" гуфтааст, “имрӯз ҳудуди соати 9 як нафар, ки маводи тарканда бар худ баста буд, вориди бинои волии Балх Муҳаммад Довуд Музмал шуд ва худро тарконд, ки дар натиҷаи ин таркиш Муҳаммад Довуд Музмал бо ду фарди мулкӣ ба ҳалокат расид”.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки шахси интиҳорӣ худро дар дохили дафтари волии Балх расонд ва сипас маводи ҳамроҳашро тарконд.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Довуд Музмал пас аз ғасби дубораи қудрат дар Афғонистон аз суйи Толибон* дар тобистони соли 2021, аввал ба ҳайси волии Нангарҳор ва баъдан муовини вазири умури дохила фаъолият кардааст. Ӯ панҷ моҳ пеш аз сӯи раҳбари ин гурӯҳ ба ҳайси волии Балх таъин гардида буд.

Қаблан ин вилояти нисбатан орому ободи Афғонистонро Ато Муҳаммади Нур, яке аз чеҳраҳои матраҳи арсаи сиёсии ин кишвар ва аз ёрони Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд идора мекард, бо омадани Толибон якҷо бо Абдулрашид Дӯстум, маршали ӯзбектабор тарк кард ва ҳоло хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.