Дар радабандии Freedom House Тоҷикистон дар сафи “кишварҳои ноозод” боқӣ мемонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар радабандии навшудаи “Озодӣ дар ҷаҳон” созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ Тоҷикистонро ба сафи “кишварҳои ноозод” шомил кард.

Сатҳи озодии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 7 хол аз 100 холи имконпазир баҳогузорӣ шудааст. Дар радабандии пешина аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ аз 100 холи имконпазир 9 хол дошт.

Аз рӯи меъёри “озодиҳои сиёсӣ” ба мисли соли пеш рақами 0 зикр шудааст, ки маънои нишондиҳандаи бадтаринро дорад.

Ба ҷуз Тоҷикистон миёни “кишварҳои ноозод” ҳудуди 50 кишвар ва қаламравҳо аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон (23 балл), Қирғизистон (27 балл), Ӯзбекистон (12 балл) ва Туркманистон (2 балл), инчунин Русия (16 балл) қарор доранд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ зери таъсири Маскав қарор дошта, вале Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз эътирофи ғасби қаламравҳои Украина ба Русия худдорӣ кардаанд ва ҳамаи онҳо ба таҳримҳои ҷоришуда зидди бонкҳои Русия риоя мекунанд.

“Ҳампаймони боэътимоди Кремл дар минтақа президенти Беларус Александр Лукашенко боқӣ мемонад, ки барои нигоҳ доштани ҳокимияти начандон қавии худ ба пуштибонии Маскав вобаста аст. Дар ҳамин ҳол, соли 2022 Беларус ба даҳгонаи кишварҳои бештар ноозоди ҷаҳон шомил шуда,  барои худ рекорди таассуфовар гузошт. Пас аз Беларус танҳо Афғонистон, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гвинеяи Экваториалӣ, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Туркманистон, Сурия ва Судони Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Муаллифони гузориш Туркманистонро (0 балл) кишвари аз ҳама ноозод медонанд. Судони Ҷанубӣ ва Сурия (1 баллӣ), Кореяи Шимолӣ ва Эритрея (3 баллӣ) доранд, ки соли гузашта  дар қатори Туркманистон буданд.

Кишварҳои аз ҳама озод чун соли пешин давлатҳои Скандинавия эътироф гардида, Финландия, Норвегия ва Шветсия ба ҳадди ниҳоӣ – 100 балл гирифтаанд.

Дар гузориш ба сурати умум ба сатҳи озодӣ дар 195 кишвар, инчунин 15 қаламрави алоҳида баҳогузорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...