Олимони тоҷик вақти дақиқи фарорасии соли нави астрономиро муайян карданд

Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи эътидоли баҳориро муайян карданд. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соли 2023 рӯзи 21 март, соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакаташ гирду атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдоди таърихӣ рӯзи 21 марти соли ҷорӣ соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба […]

Дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи эътидоли баҳориро муайян карданд.

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соли 2023 рӯзи 21 март, соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакаташ гирду атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.

Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯйдоди таърихӣ рӯзи 21 марти соли ҷорӣ соати 02:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқуъ меояд, хабар дода мешавад дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

“Бояд қайд намуд, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин, дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки баробаршавии шабу рӯз мебошад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ ном дорад. Бинобар ин, соли нави астрономии 2023 чун рӯзи 21 март аз соати 02:30 оғоз мешавад. Барои мо ин вақт бо унвони фарорасии Наврӯз машҳур аст.

Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯйи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ҳамоҳангие, ё худ вобастагие бо дин надорад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ӯро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ пеш аз асри VII-и пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шуд, давраи пайдоиши аслии он маълум нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.