БОР ба Тоҷикистон барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ 50 млн доллар медиҳад

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) масоили таҳияи лоиҳаи «Беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти рӯзи 9 март дар Душанбе намояндагони Бонк зикр карданд, ки барномаи пешниҳодгардида барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар […]

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) масоили таҳияи лоиҳаи «Беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Тоҷикистон»-ро баррасӣ карданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқоти рӯзи 9 март дар Душанбе намояндагони Бонк зикр карданд, ки барномаи пешниҳодгардида барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 50 млн доллар пешбинӣ гардидааст.

Ҳадафи аслии барномаи мазкур ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва занон, беҳтар намудани низоми баҳисобгирии корхонаҳои хурду миёна, инчунин рушди рақамикунонӣ ва тиҷорати электронӣ унвон шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми умумии кумакаш зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ беш аз 1,9 млрд доллар ба сифати грант дода шудааст.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.