Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.
Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи хусусиятҳои хоси иҷроиши санадҳои ҳуқуқиро баррасӣ карданд.
Тартиби иҷроиши санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ чӣ гуна аст?
Санади маъмуриро мақомоти маъмурие, ки онро қабул намудааст, иҷро мекунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Мавриди иҷро қарор додани санади маъмурӣ бо супориши мақомоте, ки санади маъмуриро қабул намудааст, метавонад аз ҷониби мақомоти маъмурии поёнӣ ё дигар мақомоти маъмурӣ сурат гирад.
Мақомоти маъмурӣ метавонад ваколатро оид ба гардиши иҷрои санади маъмурӣ якдафъаина ё ба мӯҳлати муайян ба дигар мақомоти маъмурӣ вогузор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Ҷараёни боздорӣ ва мӯҳлатҳои иҷроиши санадҳои ҳуқуқии маъмурӣ чӣ гуна аст?
Бо дархости тарафи манфиатдор мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст, ки иҷрои санади маъмуриро дар ҳолатҳои зерин боздорад:
-фавти шахс ё азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, агар ин муносибати ҳуқуқӣ ворисияти ҳуқуқиро раво донад;
-бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани санади маъмурӣ, дар ҳолате, ки чунин баҳсро қонун иҷозат диҳад;
-пешниҳоди шикояти маъмурӣ ба мақомоти маъмурӣ нисбати санади маъмурӣ.
Иҷрои санади маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад:
-дар ҳолатҳои барҳамхӯрии (азнавташкилдиҳии) шахси ҳуқуқӣ то муайян намудани вориси ҳуқуқии шахс;
-дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд ё таъиноти суд дар бораи рад кардани қонеъгардонии даъво ё қарори мақомоти маъмурӣ дар бораи рад кардани қонеъгардонии шикояти маъмурӣ.
Мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст, иҷрои онро дар ҳолатҳои фавти шахс ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ санади маъмурӣ қабул гардидааст, қатъ менамояд.
Санади маъмурӣ дар муддати як моҳи баъд аз қабул гардиданаш бояд ба иҷро расонида шавад. Мақомоти маъмурӣ дар ҳолатҳои мавҷуд будани сабабҳои узрнок метавонад мӯҳлати иҷрои санади маъмуриро дароз намояд.
Воситаҳои таъмини иҷрои санади ҳуқуқии маъмурӣ кадомҳоянд?
Мақомоти маъмурӣ бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ метавонад нисбати дигар шахсон ягон амали пешбининамудаи қонунро танҳо дар сурати қабул гардидани қарор дар бораи таъмини иҷро анҷом диҳад.
Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад баъди гузаштани мӯҳлате, ки ба шахс барои иҷрои ихтиёрии санади маъмурӣ муайян намудааст, бо мақсади иҷрои санади маъмурӣ яке аз воситаҳои зерини таъмини иҷроро истифода намояд:
– вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ ба шахси дигар;
– ҷарима.
Мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад танҳо воситаи таъмини иҷрои дар қарор дар бораи таъмини иҷро пешбинигардидаро истифода намояд. Истифодаи воситаи таъмини иҷро бояд баъди иҷрои санади маъмурӣ қатъ карда шавад.
Агар ба шахси дигар вогузор кардани иҷрои санади маъмурӣ имконпазир бошад, мақомоти маъмурӣ ҳақ дорад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷрои санадро ба шахси дигар вогузор кунад. Ба шахсе, ки иҷрои санади маъмурӣ ба ӯ вогузор карда мешавад, хароҷоти иҷроро ҳамон мақомоти маъмурӣ ҷуброн менамояд. Мақомоти маъмурӣ ин хароҷотро мутобиқи қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор ҷуброн менамояд.
Агар санади маъмурӣ ба зиммаи шахс ӯҳдадории иҷрои амали муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амали муайянро вогузор намояд ва ӯ ин ӯҳдадориро иҷро накунад, ба шахс метавонад ҷарима баста шавад.
Маблағи ҷарима бояд бо қарор дар бораи таъмини иҷро ба андозае, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар намудааст, муайян карда шавад.
Барои иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди пардохти ҷарима шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


