Шаҳрдорӣ: Низоми гармидиҳии Душанбе то 1-уми апрел фаъол хоҳад буд

Низоми интиқоли гармӣ дар Душанбе то 1-уми апрел фаъолият карда, ба эҳтимоли зиёд, пас аз он мавсими гармидиҳӣ ба хонаҳои сокинон қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март, Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрдории Душанбе то ба ҳол ягон қароре дар бораи санаи дақиқи […]

Низоми интиқоли гармӣ дар Душанбе то 1-уми апрел фаъолият карда, ба эҳтимоли зиёд, пас аз он мавсими гармидиҳӣ ба хонаҳои сокинон қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март, Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрдории Душанбе то ба ҳол ягон қароре дар бораи санаи дақиқи қатъ шудани интиқоли гармидиҳӣ қабул нашудааст, вале “тибқи нақша интиқоли гармӣ аз 10-уми октябри соли 2022 шурӯъ шуда, то 1-уми апрели соли 2023 идома хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони пойтахт иддао карданд, ки шаби гузашта интиқоли гармӣ дар хонаҳояшон қатъ гардид.

Дар робита ба ин Сиҷоуддин Саломзода гуфт, ки “кӣ хомӯш кардааст ва бо кадом сабаб маълум нест, вале низоми гармидиҳӣ ҳоло фаъол хоҳад монд”.

Зимистони имсол низоми гармидиҳии шаҳри Душанбе бо сард омадани ҳаво бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Низоми гармидиҳии пойтахт аз 14-уми октябр ба кор шурӯъ намуда, дар моҳи декабр, бо аввалин сардиҳо дар кишвар кораш камранг гашт.

Сокинони пойтахт тайи ду моҳ – декабри соли 2022 ва январи соли равон аз вазъи низоми гармидиҳӣ нигаронӣ намуда, аз хонаҳои сардашон паёпай шикоят мекарданд. Он вақт масъулин қисман мушкилро эътироф карда, зимистони сард ва мушкили норасоии маводи сӯхтро баҳона пеш оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.