Шаҳрдорӣ: Низоми гармидиҳии Душанбе то 1-уми апрел фаъол хоҳад буд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Низоми интиқоли гармӣ дар Душанбе то 1-уми апрел фаъолият карда, ба эҳтимоли зиёд, пас аз он мавсими гармидиҳӣ ба хонаҳои сокинон қатъ хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март, Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрдории Душанбе то ба ҳол ягон қароре дар бораи санаи дақиқи қатъ шудани интиқоли гармидиҳӣ қабул нашудааст, вале “тибқи нақша интиқоли гармӣ аз 10-уми октябри соли 2022 шурӯъ шуда, то 1-уми апрели соли 2023 идома хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони пойтахт иддао карданд, ки шаби гузашта интиқоли гармӣ дар хонаҳояшон қатъ гардид.

Дар робита ба ин Сиҷоуддин Саломзода гуфт, ки “кӣ хомӯш кардааст ва бо кадом сабаб маълум нест, вале низоми гармидиҳӣ ҳоло фаъол хоҳад монд”.

Зимистони имсол низоми гармидиҳии шаҳри Душанбе бо сард омадани ҳаво бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Низоми гармидиҳии пойтахт аз 14-уми октябр ба кор шурӯъ намуда, дар моҳи декабр, бо аввалин сардиҳо дар кишвар кораш камранг гашт.

Сокинони пойтахт тайи ду моҳ – декабри соли 2022 ва январи соли равон аз вазъи низоми гармидиҳӣ нигаронӣ намуда, аз хонаҳои сардашон паёпай шикоят мекарданд. Он вақт масъулин қисман мушкилро эътироф карда, зимистони сард ва мушкили норасоии маводи сӯхтро баҳона пеш оварда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...