Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бозори байнисарҳадии “Андархон” бунёд мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони бозори байнисарҳадии “Андархон” санги асос гузошта шуд. Ин бозор барои рушди тиҷорати минбаъдаи ду кишвар замина мегузорад ва тоҷирони тоҷику ӯзбек маҳсулоти худро ба осонӣ хариду фурӯш мекунанд. Дар ин бора Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дирӯз, 13-уми март, намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии “Андархон” иштирок намуданд.

Музаффар Юнусов гуфт, ин бозор аз ҷониби Ӯзбекистон дар марзи ду кишвар бунёд мешавад ва маблағи сохтмони он 8 млн доллар мебошад.

“Бозори байнисарҳадии “Андархон” дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд”, – гуфт ӯ.

Юнусов афзуд, ки бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намудаанд.

Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки бозори байнисарҳадии “Андархон” дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки то ин замон миёни сарҳадҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Афғонистон бозорҳои наздимарзӣ фаъолият мекарданд.

То муноқишаҳои марзӣ, дар ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача, дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон ду бозори муштарак – “Вохӯрӣ” ва “Молбозор” фаъол буданд.

Ҳоло “Молбозор” пурра аз фаъолият бозмонда, бозорчаи “Вохӯрӣ”, ки дар баробари маҳсулот чандин нуқтаи сузишворӣ ҳам дорад, қисман фаъолият мебарад.

Дар ҳамин ҳол, то ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бозори наздисарҳадӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Дарвоз ва Ишкошим фаъол буданд. Ҳар рӯзи шанбе шаҳрвандони Афғонистон ба бозори наздисарҳадии шаҳри Хоруғ меомаданд, то ки маҳсулоти зарурии ниёзи аввалия бихаранд. Савдо бо пули тоҷикӣ – сомонӣ ҷараён мегирифт. Ҳоло маълум нест, ки ин бозорҳо имрӯз ҳам фаъол ҳастанд ва ё на.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...