ВКХ-и Тоҷикистон: “Аз барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Эрон ва Арабистони Саудӣ истиқбол мекунем”

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми март, дар як баёнияи кутоҳи хеш изҳор намуд, ки “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”. Бояд […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми март, дар як баёнияи кутоҳи хеш изҳор намуд, ки “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”.

Бояд гуфт, ки Эрон ва Арабистони Саудӣ чанде пештар, пас аз талошҳои зиёд, бо миёнравии Чин муносибатҳои дуҷонибаро барқарор намуданд.

Робитаҳои Теҳрон ва Риёз соли 2016 дар пайи ҳамла ба сафорат ва консулгариҳои Арабистони Саудӣ дар Эрон қатъ гардид. Он замон ҳамлаваронро қатли Нимр ал-Нимр, як рӯҳонии шиамазҳаби Арабистони Саудӣ ба хашм оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.