Телевизиони Хатлон ба пахши рақамӣ гузашт

Телевизиони вилояти Хатлон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба пахши рақамӣ гузашт. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки раиси вилоят студияҳои замонавӣ барои бахши барномаҳои телевизион мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон […]

Маҳмадалӣ Азизов, рӯзноманигори шаҳрвандии "Asia-Plus"

Телевизиони вилояти Хатлон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба пахши рақамӣ гузашт. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки раиси вилоят студияҳои замонавӣ барои бахши барномаҳои телевизион мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид.

Ин бор рӯзноманигорони вилоятро раиси вилоят Давлаталӣ Саид сазовор табрик намуд. Ӯ студияҳои муосири сабти барномаҳои Телевизионӣ Хатлонро ифтитоҳ кард.

Студияи мазкур  барои сабти барномаҳои сиёсии фарҳангӣ пешбинӣ гаштааст.

Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба пахши рақамии барномаҳои телевизиони вилоятии “Хатлон” оғоз бахшида, ин дастовардро ба аҳли эҷод таҳният гуфт.

Гуфта шуд, ки телевизиони “Хатлон” пахши рақамии барномаҳои худро бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  ва талошу заҳматҳои роҳбарияти идора Соҳибназари Муҳаммад Ғоиб роҳандозӣ кардааст.

Телевизиони Хатлон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта, дар фазои иттилоотии кишвар, барои барқарории сохти конститутсионӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва инъикоси рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ҷумҳурӣ нақши бориз гузоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.