Гумонбарии мудири яке аз кӯдакистонҳои Хуҷанд ва корманди бонк ба тасарруфи пули ниҳоят зиёд

Мудири муассисаи томактабии №7-и шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди филиали ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимобоев ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд. “Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо онҳо ба номи 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати […]

Мудири муассисаи томактабии №7-и шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди филиали ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимобоев ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд.

“Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо онҳо ба номи 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Агентӣ, маблағи умумии қарзҳо зиёда аз 161 ҳазор доллар ва 727,5 ҳазор сомониро ташкил дода, онҳо ин маблағро тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.

“Нисбати онҳо бо моддаҳои 246 (Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Дар моддаи аввал ҷарима дар ҳаҷми аз 547 то 1 ҳазору 460 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи дуюм ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо муқаррар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.