Аҳмад Масъуд дар солгарди қатли Абдулалӣ Мазорӣ: “Толибон тағйир наёфтаанд”

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба муносибати солгарди кушта шудани Абдулалӣ Мазорӣ, роҳбари пешини Ҳизби ваҳдати Афғонистон, гуфтааст, ки “бовари истибдодии” Толибон ҳанӯз ҳам тағйир накардааст ва ин гурӯҳ барои идомаи “ҳукумати истибдодии” худ, дар пайи “эҷоди ихтилоф, фитна ва тафриқа” дар миёни насли ҷадид мебошад. Дар ин бораи рӯзномаи "8-и субҳ" иттилоъ […]

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба муносибати солгарди кушта шудани Абдулалӣ Мазорӣ, роҳбари пешини Ҳизби ваҳдати Афғонистон, гуфтааст, ки “бовари истибдодии” Толибон ҳанӯз ҳам тағйир накардааст ва ин гурӯҳ барои идомаи “ҳукумати истибдодии” худ, дар пайи “эҷоди ихтилоф, фитна ва тафриқа” дар миёни насли ҷадид мебошад. Дар ин бораи рӯзномаи "8-и субҳ" иттилоъ медиҳад.

Аҳмад Масъуд рӯзи душанбе, 13-уми март, бо нашри як навори савтӣ ба муносибати бистуҳаштумин солгарди кушта шудани Мазорӣ гуфтааст, ки “пирӯзии муборизаи барҳаққи мардуми ниёзманд, иттиҳод аст”.

Ӯ афзудааст, “иттиҳод ва инсиҷоми мо имрӯз барои таҳаққуқи ормонҳои шуҳадои мо, алалхусус ормони шаҳидоне чун устод Мазорӣ, ки имрӯз дар солгарди шаҳодаташ қарор дорем, амре лозимӣ ва воҷиб аст”.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ Мазориро “садои расои мубориза алайҳи истибдод” хонда ва афзудааст, ки Толибон* ба унвони як “гурӯҳи истибдодӣ”, ба далели ин ки идомаи фаъолитҳои ӯро барои худ “хатарнок” медонистанд, ҳазфаш карданд.

Аҳмад Масъуд дар бахши дигаре аз паёми худ, хитоб ба ҳаводорони Абдулалӣ Мазорӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Бурҳонуддин Рабонӣ ва дигар чеҳраҳои сиёсии таъсиргузори Афғонистон, ки дар 30 соли ахир ба дасти Толибон ё гурӯҳҳои муттаҳиди онҳо кушта шудаанд, гуфтааст, “роҳи дурусти зинда нигоҳ доштани ёди шуҳадо, иттиҳоду иттифоқ ва пирӯз кардани муқовамат ва истодагии мардуми Афғонистон аст”.

Бояд гуфт, ки Абдулалӣ Мазорӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсати Афғонистон буд, ки Ҳизби ваҳдати Афғонистонро ташкил намудаву алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангидааст. Ӯ аз қавми ҳозора буд ва ин буд, ки муносибаташ бо Аҳмадшоҳ Масъуд низ хуб буд, аммо бо Толибон тафовути назар дошт ва чандин маротиба вориди муноқишаҳо низ шуда буд.

Соли 1995, вақте аллакай Иттиҳоди Шӯравӣ тарки Афғонистон карда буд, миёни роҳбарони муқовимат барои идораи минбаъдаи давлат ихтилофҳо ба миён омад.

12-уми марти соли 1995 Толибон Абдулалӣ Мазориро бо баҳонаи ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳо ба мулоқот даъват карда, бо ҳайати ҳамроҳонаш рабуданд ва пас аз шиканҷаи зиёд, тани беҷони ӯ ва ҳамроҳонашро аз чархбол ба замин афканданд.

Ҷасади ӯ аз шаҳри Ғазнӣ пайдо ва дар зодгоҳаш, шаҳри Мазори Шариф, ба хок супорида шуд.

Соли 2016 ба ӯ унвони “Шаҳиди ваҳдати миллӣ” дода шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.