Иқтисодчиёни БАОР сабабҳои коҳиши касри тавозуни савдои Тоҷикистонро шарҳ доданд

Касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 265,1 млн долларро ташкил дод, ки 43,4 млн доллар камтар нисбат моҳи январи соли 2022 (308,5 млн доллар) мебошад. Ба коҳиши тавозуни манфии савдои хориҷии Тоҷикистон камшавии воридот мусоидат кард, ки бо поинравии афзоиши воқеии талаботи истеъмолӣ шарҳ дода мешавад, гуфта мешавад дар гузориши макроиқтисодии моҳи […]

Касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ 265,1 млн долларро ташкил дод, ки 43,4 млн доллар камтар нисбат моҳи январи соли 2022 (308,5 млн доллар) мебошад.

Ба коҳиши тавозуни манфии савдои хориҷии Тоҷикистон камшавии воридот мусоидат кард, ки бо поинравии афзоиши воқеии талаботи истеъмолӣ шарҳ дода мешавад, гуфта мешавад дар гузориши макроиқтисодии моҳи марти Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, ба ин ҳамчунин устувор шудани нархҳои ҷаҳонӣ ба ашёи хом, аз ҷумла ба сӯзишворӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ки Тоҷикистон онҳоро аз хориҷи кишвар ворид мекунад, мусоидат кард. Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар моҳи январи имсол аз 443 млн доллар дар ҳамин давраи соли гузашта то 385,1 млн доллар кам шуд.

Таъкид мешавад, ки содироти молу маҳсулот дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба воридот камтар коҳиш ёфтааст – аз 134,5 млн то 120 млн доллар.

“Коҳиши содироти фулузот (ҳам арзон ва ҳам тилло) ва маҳсулоти нассоҷӣ қисман аз ҳисоби афзоиши содироти консентратҳои маъдан, семент ва неруи барқ ҷуброн шуд”, – омадааст дар гузориш.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар моҳи январи соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 505 млн долларро ташкил дод, ки 12,5% камтар нисбат ба ҳамин моҳи соли 2022 мебошад.

Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз кишвар 120 млн доллар ва воридот аз хориҷи кишвар – 385 млн долларро ташкил дод.

Зиёда аз нисфи содирот аз маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентрат, неруи барқ ва ангишт), 21,5%-аш аз фулузот (металлҳо)-и арзон ва маснуот аз он, 15%-аш аз маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он иборат аст.

Ҳиссаи гурӯҳи молу маҳсулот дар сохтори воридот нисбатан дар як сатҳ буда, ҳеҷ кадоме аз он ба нишондиҳандаи 20% намерасад.

Нисбатан зиёдтар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан, консентрат ва ғайра) ба андозаи 17%, мошин ва таҷҳизот – 13,1%, маҳсулоти растанӣ (биринҷ, чой, қаҳва, сабзавот, мева, полезӣ, гандум ва дигар зироати ғалладона) – 9,3% аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Зиёда аз 60%-и гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба се давлат – Русия (22%), Чин (21%) ва Қазоқистон (20%) рост меояд.

Ҳаҷми савдои дуҷониба бо ҳамаи кишварҳои дар боло зикршуда коҳиш ёфтааст: бо Чин – 30%, бо Қазоқистон – 18% ва бо Русия – 4%.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.