Дар Осиёи Марказӣ кадом кишвар аз ҳама бештар меҳмоннавоз аст?

Asia-Plus

Тавре ки Arbat.media хабар медиҳад, мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и Welcoming Countries Rank, ки аз ҷониби торнамои Passport Index таҳия шудааст,  Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ кишварҳои аз ҳама бештар “меҳмонгурез” эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, радабандӣ на аз рӯи муносибати дӯстона ва хушмуомилагии шаҳрвандон, балки аз рӯи шумораи кишварҳои дигар, ки соҳиби шиносномаҳояшон бидуни раводид омада метавонанд, асос ёфтааст.

Ӯзбекистон бо касби зинаи 25-ум дар радабандӣ кишвари аз ҳама зиёдтар меҳмоннавоз байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шуд. Шаҳрвандони 139 кишвар бидуни раводид ба ин ҷо омада метавонанд.

Тоҷикистон мақоми 49-умро ишғол намуда, шаҳрвандони 87 кишвар бе раводид ба ҷумҳурии мо сафар карда метавонанд.

Қирғизистон дар радабандӣ дар зинаи 53-юм (бе раводид – 80 кишвар) ва Қазоқистон мақоми 54-ум (77 кишвар) ҷойгир шудаанд.

Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ дар зинаҳои охири радабандӣ қарор гирифтаанд – ба ин кишварҳо сафари бидуни раводид пешбинӣ нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...