Дар Осиёи Марказӣ кадом кишвар аз ҳама бештар меҳмоннавоз аст?

Тавре ки Arbat.media хабар медиҳад, мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и Welcoming Countries Rank, ки аз ҷониби торнамои Passport Index таҳия шудааст,  Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ кишварҳои аз ҳама бештар “меҳмонгурез” эътироф шудаанд. Гуфта мешавад, радабандӣ на аз рӯи муносибати дӯстона ва хушмуомилагии шаҳрвандон, балки аз рӯи шумораи кишварҳои дигар, ки соҳиби шиносномаҳояшон бидуни раводид омада метавонанд, […]

Asia-Plus

Тавре ки Arbat.media хабар медиҳад, мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и Welcoming Countries Rank, ки аз ҷониби торнамои Passport Index таҳия шудааст,  Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ кишварҳои аз ҳама бештар “меҳмонгурез” эътироф шудаанд.

Гуфта мешавад, радабандӣ на аз рӯи муносибати дӯстона ва хушмуомилагии шаҳрвандон, балки аз рӯи шумораи кишварҳои дигар, ки соҳиби шиносномаҳояшон бидуни раводид омада метавонанд, асос ёфтааст.

Ӯзбекистон бо касби зинаи 25-ум дар радабандӣ кишвари аз ҳама зиёдтар меҳмоннавоз байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дониста шуд. Шаҳрвандони 139 кишвар бидуни раводид ба ин ҷо омада метавонанд.

Тоҷикистон мақоми 49-умро ишғол намуда, шаҳрвандони 87 кишвар бе раводид ба ҷумҳурии мо сафар карда метавонанд.

Қирғизистон дар радабандӣ дар зинаи 53-юм (бе раводид – 80 кишвар) ва Қазоқистон мақоми 54-ум (77 кишвар) ҷойгир шудаанд.

Туркманистон, Афғонистон ва Кореяи Шимолӣ дар зинаҳои охири радабандӣ қарор гирифтаанд – ба ин кишварҳо сафари бидуни раводид пешбинӣ нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.